Новобаста ба он ки Киноҷашнвораи байналмилалии “Душанбе” бори аввал баргузор мешавад, барои иштирок дар ин ҷашнвора аз давлатҳое чун Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Муғулистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Шри-Ланка, Бангладеш, Белорусия, Украина, Олмон, ИМА, Арманистон, Туркия ва Гурҷистон 85 дархост пешниҳод шудааст.
Якумин Синамоҷашнвораи байналмилалии “Душанбе” аз 14 то 18 апрел дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Барпокунандагони киноҷашнвораи мазкур Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад. Дар ин доира, мувофиқи талаботи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Душанбе” филмҳо аз соири давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ИДМ ва бародаршаҳрҳои Душанбе иштирок менамоянд. Барномаи кинофестивали мазкур аз озмуни байналмилалӣ ва озмуни миллии филмҳои тоҷикӣ, саросарнамо (понорама)-и филмҳои ғайриозмунӣ иборат мебошад. Ҳайати Киноҷашнвораи “Душанбе” қабули филмҳоро аз миёни 85 дархост, аввалҳои моҳи март тариқи расонаҳо эълон хоҳанд кард.