Филми комедии “Автобус” ки аз моҳи апрел то моҳи майи соли гузашта наворбардорӣ шуда буд, дар миёнаҳои фасли баҳор рӯнамоӣ мешавад. Аз банду баст то коркарди садо ва навиштани зернавис бо забонҳои руси ва англисӣ марҳилаи тулониро фаро гирифт. Зеро филми “Автобус” бо стандартҳои байналмиллалӣ таҳия шудааст. Алакай постер ва трейлери филм пешниҳоди дӯстдорони синамо гардид.
Рӯзи нахӯстнамоишро тариқи торномаи расмии МД ”Тоҷикфилм” ва сомонаҳои иҷтимоӣ хабар хоҳем кард.