Филми “Бункер” ва Сочӣ

              Филми кутоҳмуддати “Бункер” аз коргардони ҷавон Диловар Султонӣ дар бахши озмунии Киноҷашнвораи ҷаҳонии “Сочӣ” (Sochi film festival) қабул гардид. Ҷашнвораи мазкур аз 14 то 16 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри сайёҳии Сочӣ баргузор мегардад. Киноҷашнвораи ҷаҳонии “Сочӣ” аз зумраи беҳтарин ҷашнвораҳои синамоӣ дар Федератсияи Россия мебошад. Бояд гуфт ки филми кутоҳметражи “Бункер” дар Ҷашнвори ҷаҳонии филмҳои кӯтоҳи Экс-ан-Прованс (Festival International de courts métrages Aix-en-Provence)-и Фаронса  ва Ҷашнвораи ҷаҳонии филмҳои кӯтоҳ ва мустақил (International short & independent film festival (ISIFF)- и давтали Бангладеш  иштирок намуда буд.

           “Муаллифи филмнома ва коргардони он Диловар Султонӣ буда, оҳангсоз Далер Назаров, рассом Далер Миҳтоҷов ва наворбардор Акмал Восидӣ мебошанд. Филми “Бункер” дар жанри драма таҳия шуда, дар он Исфандиёр Ғуломов, Муҳсин Султонӣ, Азам Караев, Манучеҳр Розиқов ва Самир Зайдуллоев нақш офаридаанд. Ҳаҷми филм 26 дақиқа буда, дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” соли 2019 рӯи навор омадааст”.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *