Солҳост барои тамошои филм он ҷо касе намеравад. Лаззати филмро дар пардаи толори синамо аз ёд бурда будаанд. Ҳар сокини калонсоли ноҳияи Ёвон хотирае аз намоиши филмҳо дар Кохи “Наврӯз” (кинотеатри “Наврӯз”)-ро дорад.
Бинои мазкур солҳо рўйи таъмирро надидааст. Намои ҳузновар, курсиҳои шикаставу дару девори валангор ва боми харобгашта ҳолати кунунии кинотеатрро таҷассум менамоянд.
Хурсандиовар аст, ки корҳои сохтмонӣ барои барқарор кардани он шуруъ шудааанд. Ҳарчанд бинои Кохи “Наврӯз” (кинотеатри “Наврӯз”) ба МД “Тоҷикфилм” тааллуқ дошта бошад ҳам, вале Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон барои барқарор ва рангу бор кардани кинотеатри мазкур иқдом намудаанд.
Кинотеатри “Наврӯз” 8-уми майи соли 1988 бунёд ёфта, аз ду толор: толори калон барои 600 нафар ва толори хурд барои 40 нафар иборат мебошад. Ҳамзамон, дорои 4 ҳуҷраи корӣ мебошад.
Умед бар он мебандем, ки нафарони саховатпеша ва фарҳангдӯст барои барқарор ва ба истифода додани Кохи “Наврӯз” (Кинотеатри “Наврӯз”) саҳми худро мегузоранд.

