Суманак дар ҷӯш: Таҷлили Наврӯз дар «Тоҷикфилм»

           Дар рӯзи офтобии баҳорӣ аҳли кормандони Муаасисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд. Пеш аз тулуи хуршед бонувони муассиса дастархони Наврӯзии иборат аз 7 Син ва 7 Шин–ро оростанд. Сипас ҳамчун рамзи Наврӯзи некпай, гирди «деги суманак» бо нияти нек ва ояндаи беҳтар маросими суманакпазиро ба ҷо оварданд. Мутрибон таронаҳои дилнишинро ба оҳанг дароварда, рақсу шодии кормандони муассиса ба ҷашни Наврӯз фазои мутантанро медод.
         Роҳбарони Муассисаи давлатии Тоҷикфилм ва Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон инчунин, Кумитаи забон ва истилоҳот дар фазои идона аз дастовардҳо ва маҳсули кормандон дидан намуданд.
          Ҳамчунин, аз собиқадорон, ходимони синамо ва коргардонҳои варзидаи кишвар, ки тули замон ба миллату давлат хизматҳои шоён намудаанд, номи нек ба ёд оварданд.
         Ба ҳамин тартиб, бо умеди рӯзҳои хуб, саломатии бардавом, дӯстиву рафоқат, ки фарҳанги Наврӯз фарогири хислатҳои ҳамидаи инсонӣ мебошад, сари дастархони наврӯзӣ ба ҳам омаданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *