Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” тасмим дорад, ки дар заминаи толори якуми муассиса (салони намоиш), кинотеатри назди Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”-ро таъсис диҳад. Дар ин бора директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён зимни ҷаласаи навбатӣ иброз намуд.
Кинотеатр дорои беш аз 200 ҷойи нишаст буда, насби таҷҳизоти садоии 5Х1 ва экрани васеъ, курсиҳои шинам инчунин, ба шароитҳои лозима – мувофиқ ба талаботи замон таъмин карда мешавад. Бояд гуфт, ки дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе кинотеатрҳои замонавӣ ангуштшумор мебошанд.
Бинобар ин, таъсиси кинотеатр дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” саривақтӣ ва айни муддао арзёбӣ мегардад. Зеро барои баргузории ҷашнвораҳои синамоӣ ва ҳафтаи филмҳои кишварҳои ба мо дӯст мавҷудияти кинотеатри замонавӣ ба манфиати кор мебошад.