Бори дуюм аст, ки бо дархост ва талаби дӯстдорони синамо филми “Рақси зиндагӣ” рӯйи пардаи синамо меояд. Филми мазкур моҳи июни соли гузашта дар кинотеатрҳо намоиш дода шуд. Инчунин, ба воситаи раёсатҳои МД “Тоҷикфилм” дар шаҳру навоҳии кишвар пешниҳоди дӯстдорони синамо гардид.
Бинобар ин Муассисаи давлатии “Тоҷикифлм” баҳри болидаруҳии сокинони пойтахт силсиланамоиши онро аз 10 то 30 апрели соли ҷорӣ ҳар рӯз дар ду вақт: соатҳои 13:00 ва 17:00 дар Кинотеатри “Ватан” ба роҳ мондааст. Вижагиҳои филми “Рақси зиндагӣ” дар он мебошад, ки ҳамроҳ бо аҳли хонавода тамошо карда мешавад.
Муҳтавои филм дар бораи духтару писаре нақл мекунад, ки як садамаи ногаҳонӣ онҳоро дилбохтаи ҳам мекунад. Ба рағми ҳама монеа ва фишорҳо аз ду фазо – шаҳр ва деҳа, фазои ишқу муҳаббат месозанд. Зимни тамошои филм дар зеҳн саволе тавлид мешавад, ки оё то охир бо ҳам содиқ ва хушбахт мемонанд ё не?
Ҳунармандони машҳур аз ҷумла, Абдукарим Машрабов, Аловуддин Абдуллоев, Тоҷиниссо Саидова, Мастура Ортиқзода дар филми “Рақси зиндагӣ” нақшҳои хотирмонро иҷро намудаанд.
Филми “Рақси зиндагӣ” истеҳсоли Муассисиаи давлатии “Тоҷикфилм” буда, коргардон Муҳаббат Сатторӣ мебошад.
Трейлери филмро дар Ютуб торномаи “Тоҷикфилм” TJ film тамошо кунед.