АБДУЛХАМИД НУРМАТОВ

АБДУЛХОМИД НУРМАТОВ

1-уми июли соли 1915 – 3-юми декабри соли 1982 Њунарпеша, коргардони дубляж. Њунарманди шоистаи ЉШС Тољикисон (1974). Узви Иттифоќи кинематографистони ИЉШС (1963). Студяи тољикии (роњбари бадеї њунарманди халќии ИЉШС М.Ф.Астангов) Донишкадаи давлатии санъати театрї ба номи А.В.Луначарскийро(Москва, 1941)хатм кардааст. Аз соли 1941 то соли 1963 – њунарпешаи Театри акадамеию драммавии ба номи А. Лахутї буд. Аз соли 1956 бо кинои тољик њамкорї дошта, дар филмњои њунарї наќшофарї намудааст. Аз соли 1963 ба њайси њунарпеша, ёвари коргардон, коргардони дубляжи киностудияи «Тољикфилм» фаъолият кардааст. Фаъолият дар театр Ќузиев («Сўзании абрешим» А.Ќањорї), Солењбой («Бой ва хизматгор» Њ.Њакимзода), Вурм («Макр ва муњаббат» Ф.Шиллер), Ниёз («Саодат» С.Саидмуродов, М.Рабиев), Фахриддинов («Ман – Фахриддинов» Љ. Икромї) Љоиза ва мукофотњо Бо граммотаи фахрии Президиуми Шўрои Олии ЉШС Тољикистон (1949, 1954, 1955, 1957) ва нишони «Собиќадори мењнат» (1978) сарфароз гардидааст. Аълочии кинематографияи ИЉШС.