
АБДУЛЛОЕВ АЛОВУДДИН ЉАФАРОВИЧ
(15.05.1965) Њунарпеша, њунарманди шоистаи Тољикистон (2006). Узви Иттифоќи синамогарони Тољикистон (2004). Донишкадаи давлатии фарњанг ва санъати Тољикистон ба номи М.Турсунзодаро бо ихтсисоси њунарпешаи синамо ва театр хатм кардааст (1989) . Њунарпешаи соњиби маълумоти васеи эљодї, дар театру кино наќшњои мухталифи жанрњои фољиавї, хусусияти тезу тундї, мазњакавиро бозидааст. Махсусан, ў дар жанри мазњака муваффаќ шудааст, ки онро бештар таљриба мекунад ва дар як замон чанд наќши як асарро худ иљро мекунад. Дар сањна таќлидбозї мекунад, ровии барномањои консертї мебошад ва суруд мехонад. Муаллиф ва барандаи барномањои телевизионї мебошад. Њунарпеша, коргардон ва продюсери кино мањсуб меёбад. Ба њайси ёвари коргардон ва маъмур дар наворбардории филмњои Муњсини Мањмалбов ва Марзии Мушкинї «Муњаббат ва фалсафа» (2006), «Одами барфї» (2009) ширкат намудааст. Солњои 1989-1990 њунарпешаи студияи театрии «Нимљазира»; Аз соли 1990 то њол њунарпеша, саркоргардон ва директори театри мусиќию мазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Ќурѓонтеппа (њозира Бохтар) мебошад. Фаъолият дар соњаи филмбардорї. Наќшофарї дар филмњои њунарии киностудияи «Тољикфилм»: «Братан» (1990), «Чоњ» (филми кутоњ, 1991), «Туњмат» (1992), «Падари моњтобї» (филми муштараки «Пандора-филм» ЉФО, ширкати синамоии «Ввысь»-и Русия ва киностудияи «Тољикфилм», 1999). Дар филми њунарии «Ќиёми рўз» («Талко менељмент», 2009) наќш офаридааст. Дар намоиши телевизионии «Хархаша» (Телевизиони Тољикистон,2000) наќш иљро кардааст. Фаъолият дар ЉДММ «Киносервис»- наќшофарї дар филмњои «Интихоби ман» (2003), «Шоњид» (2003), «Ду усули педагогї» (2003), «Субњ» (2006), «Шукуфа» (2008), «Боѓољ» (2008); директори филми мустанади «Контейнерњои зинда» (2002), продюсери филми мустанади «Дигаргуна» (2003), коргардони филми мустанади «Љўгї» (2002). Муаллиф, коргардон ва наќшбоз дар филмњои «Хамелеон» (2010), «Воќеа» (2010) аз рўйи мазмуни ќиссањои А.П. Чехов; Муаллиф, коргардон ва муассиси силсилабарномаи маъруфи телевизионии «Шўхињои Аловуддин».
- Eraj
- 2020-06-22
- 10:26