
АБДУРАЗОЌОВ ЊАБИБУЛО
(07.11.1937), њунарпеша, коргардон, њунарманди халќии Тољикистон (1987). Узви Иттифоќи синамогарони ИЉШС (1973). Бо нишонњои «Дўстии халќњо» (нишони ИЉШС, 1980), «Дўстї» ( нишони Тољикистон, 1998), грамотаи фахрии Президиуми Шўрои Олии Тољикистон, медали «Барои мењнати шоён» ба муносибати 100-солагии зодрўзи В.И.Ленин (1970), медали Иљлосияи 16-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон сарфароз гардидааст. Студияи тољикии (роњбарони бадеї, ходимони шоистаи санъати Тољикистон, профессорон О.И.Пижов ва Б.В.Бибиков) Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А.В.Луначарский (Москва, 1960), Курсњои олии коргардонии донишкадаи мазкурро (коргоњи њунарманди халќии ИЉШС Н.П.Охлопкова, Москва, 1964) хатм кардааст. Солњои 1960-1961 – њунарпешаи Театри мусиќию мазњакавии Ленинобод, солњои 1961-1969 – њунарпешаи Театри давлатии академикию драмавии ба номи А.Лахути, солњои 1969-1971 – саркоргардони Театри мусиќию мазњакавии Ленинобод, солњои 1971-1973 – саркоргардони Театри давлатии љавонон. Солњои 1973-1975 дар киностудияи «Тољикфилм» ба њайси коргардони тањиягар кор кардааст. Соли 1975 – коргардон ва њунарпешаи Театри давлатии академикию драмавии ба номи А.Лахути. Солњои 1987 – 1990 раиси Иттифоќи ходимони театрї интихоб гардидааст. Аз соли 2002 директор ва роњбари бадеии театри ѓайридавлатии «Падида» мебошад. Намоишномањои зиёди театриро ба сањна гузоштааст, аз љумла: «Марњум»-и Б.Нушич, «Рустам ва Сухроб»-и А.Фирдавсї (дар њамкорї бо Ф.Александров), «Тракторчизан» -и К.Гулдонї, «Купрук»- Ф.Ниёзї, «Дар чорроња»-и Н.Табаров. Дар сањнаи Театри давлатии академикию драмавии ба номи А.Лахутї наќшњои барљастаро дар намоишномањои репертуари классикї ва аз рўйи пйесањои муосир, ба монанди : Карл Моор («Роњзанњо»-и Шиллер), Чатский («Мусибат аз аќл»-и Грибоедов), Любим Тортсов («Фаќирї айб нест»-и А.Островский), шоир Хуршед («Шуълаи озодї»-и Ѓ.Абдулло), Ёдгор («Дохунда»-и С.Айнї) ва ѓайраро офаридааст. Ба њайси коргардон намоиномањои: «Марњум»-и (Б.Нушич, 1966), «Рустам ва Сухроб» (Ѓ.Абдулло, 1967), «Купрук» (Ф.Ниёзї,1969), «Карим Девона» (Т.Ањмадхонов, 1969), «Садо аз тобут» (А.Кањњор, 1975), «Ваќте ки шањр хоб буд» (А.Чхеидзе), «Дар чорроња» и «Њарос» (њар ду аз Н.Табаров, 1984) ва њоказоро тањия кардааст. Ба муносибати 70-солагии њунарпеша ва коргардон маљмуаи маќолањои «Мард дар шањр ва шањр дар мард», бахшида ба фаъолияти сермањсули ў , аз љумла фаъолияташ дар синамо рўйи чоп омад. Дар соњаи синамои миллї аз соли 1961, њам дар филмњои тољикї ва њам дар филмњои хориљи наќшњои бисёр барљастаю хуб, офаридааст. Фаъолият дар соњаи филмофарї Дар филмњои њунарии: «Оромї намешавад» (1961),«Замони осудагї» (1962), «Марги судхўр» (1965), «Хиёнат» (1967), «Ифшосозї» (1969), «Духтари сеюм» (1971), «Чор нафар аз Чорсанг» ( 2 ќисм, телевизионї, 1972), «Салом, одами мењрубон» (1973), «Панљ нафар дар пайроња» (1973), «Асрори гузаргоњи фаромўшшуда» (1973), «Истгоњи куњї» (тел., 1973), «Роњи сафед» (1974), «Субњи Ганг» (2 ќисм, 1975), «Достони Сиёвуш» (2 ќисм, 1976), «На крутизне» (2 ќисм, тел., 1976), «Муњосира» (1977), «Одам пўсташро иваз мекунад» (5 ќисм, тел., 1978), «Минтаќаи назоратї» (1980), «Обрў» (тел., 1984), «Дарвеши ланг» (1986), «Иловагї ба роњи дуюм меояд» (2 ќисм, тел., 1986), «Нигоњ» (1988), «Њаёти оддии бобои Амин» (кутоњ, 1988) наќш бозидааст. Дар филми бадеии студияи телевизиони Душанбе «Фариштаи сиёњ» (1963); филмњои њунарии киностудияи «Узбекфилм»: «Ба ватан хизмат мекунам» (1980), «Сайди дев» (1983), «Дар орзуи падар» (силсилафилми телевизионї, ТВТ, 2005), «Асир» (истењсоли ЉФО, 2006), «Шукрона» (силсилафилми телевизионї ТВ Эрон, 2008), «Аз нигоњи бод» ( силсилафилми телевизионї 24 ќисм, Эрон, 2010).
- Eraj
- 2020-06-24
- 17:33