
АЛИШЕР ХОЉАЕВ
14-уми январи соли 1949 дар шањри Душанбе дар оилаи њунарманд чашм ба олами њастї кушодааст. Соли 1972 факултаи филологии Донишкадаи давлатии педагогии Душанберо хатм кардааст. Муддати 10 соли фаъолият дар телевизион ва радиои давлатии Тољикистон бисёр нозукии касбњои телевизионї, аз љумла ёвари коргардон, коргардон, муњаррир, шорењ, мудири шуъбаро аз худ кард. Аз соли 1982 - мухбири идораи фарњанги агентии телеграфии «ТАСС» дар Тољикистон. Соли 1986 барои иљрои вазифаи мудири шуъбаи ахбори рўзномаи маъруфи «Вечерний Душанбе» ба кор даъват гардид. Аз њамон солњо бо телевизион, аз љумла бо Телевизиони марказии ИЉШС ба њайси муаллиф ва баранда њамкории фаъол мебарад. Яке аз аввалин кормандони телевизиони ИЉШС буд, ки дар як ваќт дар се самт, ба њайси муаллифи сенария, коргардон ва барандаи барномањояш фаъолият мекард. Њамчун мухбири махсус барои барномањои «Новости» ва «Время» гузоришњоро аз Тољикистон, Афѓонистон, Британияи кабир, Булѓористон, Њиндустон, Руминия, Покистон ва дигар кишварњо тањия мекард. Соли 1995 А. Хољаевро , ки собиќаи рўзноманигори њарбиро дошт, барои фаъолият ба шањри Ростови лаби Дон фиристоданд. Бо саъю талоши ў шабакаи мухбирї дар Ќафќози шимолї барќарор мегардад. Аввалан, ба њайси мухбири махсуси ОРТ дар Ростови лаби Дон, баъдан њамчун роњбари дафтари Љанубии ОРТ дар вилояти Ростов, њамаи «нуќоти алангабор»-и љануби Россияро тай кардааст. Соли 2002 А. Хољавро барои кор ба Дастгоњи намояндаи ваколатдори Президенти Федератсияи Россия дар минтаќаи федеролии љанубї даъват намуданд. Баъдан боз ба «Шабакаи якум»-и дўстодоштааш баргашт. Алишер Алиназарович – дорандаи љоизаи комсомолии ленинї, бо Грамотаи фахрии Маљлиси ќонунгузории вилояти Ростов ќадрдонї шудааст. Узви Иттифоќи рўзноманигорони Федератсияи Россия, аъзои Иттифоќи синамогарони ИЉШС мебошад.
- Eraj
- 2020-06-24
- 20:07