АРИПОВ Марат

ОРИПОВ МАРАТ САБИРОВИЧ

(27.08.1935), њунарпеша, коргардони кино, њунарманди халќии Тољикистон (2008). Бо се грамотаи фахрии Президиуми Шўрои Олии Тољикистон (1957, 1964, 1972), грамотаи фахрии Президиуми Шўрои Олии Ўзбекистона, грамотаи фахрии Президиуми Шўрои Олии ЉМШС Якутия (1972), мукофоти КАД ИЉШС ба номи Ф.Дзержинский (1981) ќадрдонї шудааст. Узви Иттифоќи синамогарони ИЉшс (1958). Шуъбаи актёрии студияи тољикии (роњбари бадеї дотсент Х.М.Кожевников) Донишкадаи њунарию театрии шањри Тошкент ба номи А.Островский (1960): факултаи коргардонии (коргоњи њунарманди халќии ИЉШС С.А.Герасимов) Донишкадаи давлатии умумиитифоќии кинематографияро (Москва 1965) ба итмом расонидааст. Фаъолият дар синаморо аз соли 1956 года дар киностудияи «Узбекфилм» оѓоз кардааст. Дар соњаи синамои тољик аз соли 1958 – њунарпеша, аз соли 1964 – њунарпеша ва коргардони тањиягари филмњои њунарї, коргардони филмњои мустанад фаъолият намудааст. Иштирок дар синамољашнворањои байналмилалї: љоизаи синамољашнвоараи байналмилалї дар шањри Коњира барои иљрои наќши бењтарини мардона дар филми «Ќисмати шоир» (1960); дипломи «Барои бењтарин дебют» њамоиши синамогарони Осиёи миёна ва Ќазоќистон дар Ашќобод (1966) барои тањияи филми «Ниссо»; мукофоти КАД ИЉШС (1981) барои филми «Тирандозии дуплетњо». Барои эљодиёти њунарпешагї роњи тўлонї аз њунарпешаи услуби «тахайюлї» то мураккабу бисёрсоњаи воќеиро тай намудааст. Њамчун коргардон ба ў бештар сужаи тезетунд, вазъияти ѓайриоддї, обуранги тахайюлии хусусияти ќањрамонњо маъќул аст. Фаъолият дар соњаи синамо. Дар филмњои бадеии киностудияи «Узбекфилм»: «Авиценна» (1956), «Бо роњхати Ленин» (1957), «Мафтуни туам» (1958), «Ба истиќболи ту» (1972); киностудияи «Таљикфилм»: «Мансаби баланд» (1958), «Ќисмати шоир» (1959), «Писар бояд зан гирад» (1960), «Насруддин дар Хуљанд» (1960), «Ливои оњангар» (1961), «То пагоњ» (1963), «Дўст медорад ё не» (1963), «Замони осоишта» (1964), «Ќалби ман дар куњсор» (1968), «Кї њаќир буд» (3 ќисм, телевизионї, 1973), «Дар крутизн» (тел., 1974), «Њама ба ў монанд мешаванд» (3 ќисм, тел., 1975), «Муњосира» (1977), «Тирандозии дуплетњо» (1979), «Љинояткор ва адвокатњо» (1980), «Муњаббати ман – инќилоб» (1980), «Хурсандона нигар» (3 ќисм, тел., 1983), «Товон» (1987) наќш офаридааст. Иљрокунандаи наќш дар филми њунарии «Њаракати љовидона» (киностудияи «ДЕФА», Олмон, 1980). Коргардони тањиягари филмњои њунарии «Ниссо» (1965), «Ќали манн дар куњсор» (1968), «Асрори ниёгон» (1971), «Муњосира» (1977), «Тарандозии дуплетњо» (1979), «Хурсандона нигар» (3 ќисм, тел., 1983) мебошад. Муаллифи филмнома ва коргардони видеофилми бадеии «Ман ба роњи ќисмат меравам» (2 ќисм, 1998) мањсуб меёбад. Муаллифи филмномаи филмњои мустанади «Хорўѓ» (1972), «Гуштингирї» (њаммуаллиф, 1972) аст. Коргардони филмњои мустанади «Савганд ( 1974), «Усулњои Кулоб» (1974), «Дар оилаи ягонаи халќњо» (1975), «Моро ЛЭП ба пеш мебарад» (њамкоргардон, 1975), «Муаллим» (1981) мебошад. Коргардони филми мустанади «Шоњимардон» («Узбекфилм», 1973)-ро ба уњда дошт.