асли бурханов

БУРХАНОВ АСЛЇ БАДРИДДИНОВИЧ

8-уми январи соли 1915 (Бухоро) – 26-уми декабри соли 1998 (Душанбе) Њунарпешаи шўравї ва тољик, коргардон. Њунарманди халќии ЉШС Тољикистон (1945). Њунарманди халќии Иттињоди Шўравї (1965). Соли 1932 фаъолияти профессорию сањнаофариро дар Театри мусиќию драмавии Бухоро шурўъ кардааст. Аз соли 1933 њунарпешаи Театри ба номи Лоњутї (Душанбе) буд. Дар сањнаи ин театр наќши одамони боќуввату љавонмард, муборизони роњи озодии халќро офаридааст. Як ќатор наќшњои хусусияти тезутунддоштаро бозидааст. Филмњоро бо забони тољикї дубляж кардаст. Фаъолият дар театр Хушваќт - «Туњмат», Саидмуродов ва Исмоилов; Салим - «Байраќи сурх», Улуѓзода; Ёдгор - «Дохунда», Икромї; Алишер Навої - "Алишер Навої", Уйѓун ва Султонов; Рўдакї - "Рўдакї", С.Улугзода (коргардон Х.Рањматуллоев); Кент - «Шоњ Лир», У.Шекспир; Яго - «Отелло», У.Шекспир; Хлестаков - «Муфаттиш», Н.В.Гогол; В.И.Ленин - «Одам бо яроќ», А.Каплер ва Златогорова; В.И.Ленин - «Соли 1919 соли фаромўшнашаванда», В.Вишневский; В.И.Ленин - «Тўфон», Абдулло Ќиёмов. Тањиягари намоишномањо: «Устоди муњаббат», Миршакар (1945); «Саодат», Саидмуродов ва Рабиев (1956); «Мурдањо», Мамадќулизода (1963); «Ду веронї», У.Шекспир (1966); ва ѓайрањо. Љоиза ва мукофотњо Барандаи љоизаи давлатии ЉШС Тољикистон ба номи Рўдакї барои фаъолияти театрї (1970) Нишони Ленин Се нишони «Рамзи эњтиром» Медали «Ба муносибати таљлили 100-солагии зодрўзи Владимир Илич Ленин» (1970) Се Грамотаи фахрии Президиуми Шўрои Олии ЉШС Тољикистон