
Махмадсаид Шохиён
(18.03.1966), њунарпеша. Факултаи театрию њунарии Донишкадаи давлатии фарњанг ва санъати Тољикистон ба номи М.Турсунзодаро (1989) аз рўйи ихтисоси њунарпешаи драма ва кино; факултаи молшиносии молњои ѓайриозуќавии Донишкадаи тиљоратии Тољикистонро аз рўйи ихтисоси молшинос-тољир хатм кардааст. Солњои 1989-1993 – њунарпешаи Театри давлатии академию драмавии Тољикистон ба номи А.Лоњутї; солњои 1993-1995 – роњбари ќањвахонаи «Чашма» корхонаи иљоравии «Озод»-и шањри Душанбе; соли 1995 – директори иттињодияи хўроки донишљўёни Раёсати савдои шањри Душанбе; солњои 1995-1997 – директории иттињодияи хўроки мактабачагони ноњияи Октябри шањри Душанбе; солњои 1997-2000 – директори иттињодияи хўроки худмабалѓгузорї ноњияи Октябри шањри Душанбе; солњои 2000-2001 – муовини директори киностудияи «Тољикфилм»; солњои 2001-2005 – муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон; солњои 2005-2009 – директори телевизиони «Сафина»; солњои 2009-2011 – директори киностудияи «Тољикфилм»; солњои 2011-2013 – сардори шуъбаи фарњанги Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон; солњои 2013-2015 – муовини якуми вазири фарњанги Љумњурии Тољикистон; солњои 2015-2020 – раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон; Аз моњи январи соли 2020 директори Муассисаи давлатии «Тољикфилм». Дар сањнаи театри драмавии ба номи А. Лоњутї наќшњои донишљў (намоишномаи «Имтињон» коргардон Т.Ањмадхонов, 1989), Ибод («Афсонањои мўйсафед» А.Муњамадљонов, 1989), Њофиз («Борбад» Б.Миралибеков, 1990), Сарбоз («Мардон намегирянд» Т.Ахмадхонов, 1991), Родриго («Сид» Х.Майбалиев, 1993). Шурўъ аз соли 1990 дар филмњои тољикї наќш мебозад. Фаъолият дар соњаи синамо Дар филмњои њунарии «Ашк ва шамшер» (4 ќисм, 1991), «Марди мутааллиќи ду зан» (1991), «Интиќомљўйи хурдакак» (1992), «Буд набуд» (2002), «Дар орзуи падар» (2010), «Куњистонї» (2010), «Соњил» (2011) наќшњо бозидааст. Дар филми бадеии «Шўравї» (киностудияи «Мосфилм»,1989) наќш офаридааст. Дар дубляжи филмњо ба забони тољикї иштироки фаъол дорад (киностудияи «Тољикфилм», телевизиони «Сафина»).
- Eraj
- 2020-07-09
- 12:43