МУХАМЕДЖАНОВ АТО

Муњаммадљонов Ато Самуидинович

2-юми сентябри соли 1940 - 9-уми сентябри соли 2002. Пас аз хатми мактаби миёна барои кори минбаъда ба Театри Лоњутї омада, аз наќшњои кўчак њунарашро сайќал дода, минбаъд дар наќшњои асосї њунарнамої мекард. Бо синамои тољик аз соли 1961 њамкорї дошт. Бењтарин наќшњояш усто Мухтор аз филми њунарии «Духтари сеюм», Мирзо Абдулло аз «Марги судхўр», амир аз «Ситораи дар тирашаб», аз «Достони Сиёвуш», Азизхон аз «Субњи нахустини љавонї», Султонхоља аз «Асрори оила», падар аз «Падари моњтобї», Имом-ал Бухорї аз филми бадеии «Имом-ал-Бухорї» ва ѓайрањо мањсуб меёбанд. Барои иљрои наќши амир Насри Сомонї дар филми њунарии «Љавонии нобиѓа» («Узбекфилм») соли 1984 сазовори Љоизаи давлатии ИЉШС гардида буд. Зањматњои ин њунарманди нотакрори тољик бо унвони Њунарманди халќии ЉШС Тољикистон (1981), нишони «Дўстии халќњо» (1981) ва нишони «Ситораи президентї» (1999) сарфароз гардонида шудааст.