Нишасти матбуотии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”

Имрӯз дар толори АМИТ «Ховар»  бо иштироки роҳбарият,  масъулини Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»  ва доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2020 баргузор гардид.

Дар бораи фаъолияти нимсолаи муассиса Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» маълумоти муфассал дода, изҳор дошт, ки новобаста аз вазъи баамаломада дар робита ба хурӯҷи бемории сироятии коронавирус як қатор корҳои эҷодию истеҳсолӣ ва ободонию созандагӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Таъкид гардид, ки муассиса дар нимсолаи якуми соли равон се филми ҳунарии пурра, се филми кутоҳ, 10 филми мустанад ва як филми тасвириро омода намудааст. Дар нимсолаи дуюми соли 2020 таҳия ва наворбардории ду филми бадеии пурра ва се филми мустанад ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки имсол Муассисаи давалтии «Тоҷикфилм» 90-сола мешавад. Дар робита ба ин ҷашни фархунда, муассиса як қатор чорабиниҳои фарҳангию ҷашниро ба нақша гирифтааст, ки дар сурати ба эътидол омадани вазъи эпимидиологии кишвар моҳи октябри соли равон амалӣ мегарданд.

Бахшида ба ҷашни 90-солагии «Тоҷикфилм» муассиса мукофоти соҳавии  «Аълочии кинематографияи тоҷик»-ро таъсис додааст ва дар арафаи таҷлили ҷашни мазкур ходимону пешқадамони соҳаи синамои миллӣ бо ин мукофотҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Мухбирону рӯзноманигорон бештар дар хусуси   қочоқи фитаҳо, таҳияи филмҳои баландмазмуни таърихӣ,   риояи талаботу меъёрҳои забони адабӣ ҳангоми филмбардорию тарҷума ва дубляжи филмҳо, бунёд ва таҷдиду азнавсозии кинотеатрҳо ва дигар масоили марбут ба соҳа суолҳо дода,  посухҳои мушаххасу қаноатбахш гирифтанд.

Маҳмадсаид Шоҳиён баён намуд, ки муассиса ҳаматарафа омода аст, ки бо баробари пешниҳод намудани филмномаҳои хубу баландмазмун таҳия ва наворбардории филмҳои ҳунарии
таърихӣ ва мустанаду тарбиявиро роҳандозӣ кунад.

Нишасти матбуотӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ ба итмом расид.

Previous
Next