Филми мустанад бахшида ба 5500-солагии Саразми бостон

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба муносибати таҷлили 5500 –солагии Саразми бостон таҳия ва наворбардории филми мустанади «Асрори Саразм»-ро оғоз намудааст. Чанде пеш гурӯҳи эҷодии ин муассисаи фарҳангӣ ба сафари корию эҷодӣ ба шаҳри Панҷакент рафт. Зимни сафар гурӯҳи эҷодӣ аз макони ҳафриёти Саразми бостон, осорхона ва шаҳри Панҷакенти қадима наворбардорӣ намуд. Ҳамзамон, дар макони ҳафриёти Саразм гурӯҳи эҷодӣ бо якчанд олимони таърихшинос, донишмандон ва бостоншиносон доир ба ҳафриёт ва таърихи ин макон мусоҳибаҳо анҷом дод, ки барои таҳияи филми мустанад зарур мебошанд.
Доираи ҳафриёт афзоиш ёфта, аз ҷониби мутахассисон оромгоҳи Саразми бостон мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода шудааст, -иброз дошт, роҳбар гурӯҳи эҷоди Ғайбуллозода Толиб, муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм». Танзим ва банду басти филми мустанад шурӯъ гардида, эҳтимол меравад, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба анҷом расида, пешкаши тамошобинон карда шавад.