Филми мустанади «Ваҳдат»

Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ Муассисаи давлатии Тоҷикфилм филми мустанади «Ваҳдат»-ро  моҳи июни соли равон рӯйи новор овард.

Филми хуҷатии «Ваҳдат» аз осори номатлуби ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистони тозаистиқлол ва талошҳои Асоогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ба ҳам овардани миллати парешонгашта ва эмин нигоҳдоштани кишвар аз нобудшавӣ ва таҳдиди хатарҳои ҷаҳонӣ таҳия гардида, барои насли имрӯзу оянда ҳамчун дарси ибрату омӯзиш хизмат хоҳад кард.

Муаллифи филмнома Назар Назаров, коргардони таҳиягар Абдулҳай Зокиров, наворбардори таҳиягар Шуҳрат Қурбонов, директори филм Шаҳноза Исмоилова. Давомнокии филм 22 дақиқа.