Дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” рӯнамоии постери филми “Бачаи обӣ” баргузор шуд

“Бачаи обӣ” нахустфилми баланди ҳунарии коргардон Файзулло Файз буда, бар асоси ғояи Бахтиёр Худойназаров, филмномаи Носир Раҳмон ва Файзулло Файз сохта шудааст.
Таҳиякунандаи (продюсери) филм Маҳмадсаид Шоҳиён, наворбардор Абдукарим Уроқов, оҳангсоз Далер Назаров, коргардони садо Фирдавс Сиддиқов, танзимгар Комил Карим, рассоми саҳнаҳо Тоҳир Назар , чеҳрапардоз Ҷазгул Садирова (аз Ҷумҳурии Қирғизистон), директори филм Дилошўб Орифзода мебошанд.
Нақшҳои аслии филмро Убайдулло Омон (ҳунарпешаи маъруфи Ҷумҳурии Ўзбекистон), Аҳмад Қутбуддин, Соро Собир, Меҳроҷиддин Сафар иҷро намудаанд.
Файзулло Файз қаблан чанд мустанад сохта ва нахустфилми кӯтоҳи ҳунарии ў “Таксӣ” дар чандин Ҷашнвораҳои байналмилалии филмҳо соҳиби ҷоизаҳои аслӣ гардидааст.
Нахустнамоиши филми “Бачаи обӣ” 16-уми октябри соли 2020 дар доираи ҷашнҳои “Рӯзи кинои тоҷик” ва 90 -солагии “Тоҷикфилм”, баргузор хоҳад шуд.