Саидов Носир Озодович
(19.02.1966), коргардони синамо. Бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004) қадрдонӣ шудааст. Узви Иттифоқи синамонигорони Тоҷикистон (2000) мебошад. Факултаи коргардонии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзодаро (1989) хатм кардааст. Солҳои 1989-1991 ба ҳайси ёвари коргардон дар киностудияи «Тоҷикфилм» кор кардааст. Солҳои 1989-1993, коргардони театр - студияи «Нимҷазира» буд. Аз соли 1993 ҳамчун коргардони дуюми «Мосфилм», солҳои 1997-1999 коргардони дуюми студияи «Ввис» (Боло) (Москва) фаъолият кардааст. Аз соли 1999 саркоргардони идораи барномаҳои мусиқии Телевизиони Тоҷикистон (шабкаи якуми ТВТ), аз соли 2000 саркоргардони барномаи «Субҳ»-и ТВТ буд. Солҳои 2001-2004 коргардони дуюми студияи «Ввис»-ро (Боло) (Москва) бар уҳда дошт. Солҳои 2004-2005 саркоргардони ТВ «Сафина», солҳои 2005-2012 директори «Орионо-медиа» буд. Аз соли 2012 директори киностудияи «Тоҷикфилм»-ро бар зимма дошт. Бо филми «Қиёми рўз» дар синамоҷашнвораҳои байналмилалии Керала (Ҳинудстон) ҷоизаҳои «Беҳтарин коргардон» ва «Таваҷҷуҳи тамошобин»; «Шоҳҷоиза»-и СҶБ дар Инсбрук (Австрия), ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона»-и СҶБ «Зеркало»(Оина) (Россия), ҷоизаи «Таваҷҷуҳи тамошобин»-и СҶБ Фукоко (Ҷопон), ҷоизаҳои «Беҳтарин филм», «Беҳтарин коргардони синамо» ва «ҷоизаи ЕСО»-и СҶБ 28 Фаҷр (Эрон), ҷоизаи «Беҳтарин коргардони синамо» ва «ҷоизаи Фирдавсӣ»-и СҶБ дар ҷазираи Кеш (Эрон), ҷоизаи «Ҳамкориҳои мутақобили тамаддунҳо»-и СҶБ дар Довил (Фаронса) сазовор гардидааст. Филми «Қиёми рўз» дар Синамоҷашнвораҳои байналмилалӣ дар Ротердам, Ҳолланд, Марокаш, «Евроосиё»-и Қазоқистон, «Киношок»-и Россия, Санта-Барбара ИМА, NHK-Ҷопон ширкат карда, 11 ҷоизаи СҶБ-ро ба даст овардааст. Фаъолият дар соҳаи синамо: ёвари коргардони филми ҳунарии «Бозии дигарон» «Чужая игра» (1990), коргардони дуюми филмҳои ҳунарии «Қавл додам, ки меравам» («Я обещала, я уйду» (ширкати синамоии «Тискино», 1991)), «Ҳаёти шахсии малика» («Личная жизнь королевы» («Мосфильм», 1993), «Падари моҳтобӣ», «Лунный папа» (ширкати синамоии «Ввис», 1999). шуда кор кардааст. Ҳамкоргардони филми мустанади «Ҷустуҷўйи роҳ» «Поиск дороги» («Тоҷикфилм», 1996) буд. Фаъолият дар ТВТ– коргардони таҳиягари видеофилми мусиқавии «Чунин бодо» («Да будет так», 1996), коргардони барномаҳои мусиқӣ (1993-2005), коргардони дуюми филмҳои ҳунарии «Падари моҳтобӣ»(«Лунный папа»(1999), «Олуфта», («Шик» (2003), «Танкер «Танго» (2005)-ро ба зимма дошт. Коргардони таҳиягари филми ҳунарии «Қиёми рўз», «Истинный полдень» («Талко-менеҷмент», 2009) мебошад.