Ҷоизаи навбатии филми ҳунарии кутоҳи «Аз баландии парвоз»

Ҷоизаи навбатии филми ҳунарии кутоҳи «Аз баландии парвоз»

Филми ҳунарии кутоҳи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» «АЗ БАЛАНДИИ ПАРВОЗ» дар синамоҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусулмонии XVI Қазон бо «Ҷоизаи махсуси ҳакамон» қадрдонӣ гардид.

Хотирнишон бояд сохт, ки филми мазкур соли 2019 бо коргардонии Акмал Восидӣ рӯйи навор омада, пештар ҳам дар синамоҷашнвораҳо соҳиби ҷоиза шуда буд.

Қадрдонӣ шудани филмҳои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҷашнвораҳои синамоии ҷаҳонию минтақавӣ боиси фахру сарбаландӣ ва аз рушду инкишофи синамои миллӣ дарак медиҳад.

Офарандагони филм ва ҳамаи аҳли синамои тоҷикро бо ин ҷоиза муборакбод мегӯем.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *