Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таҳия ва наворбардории боз як филми ҳунарии кутоҳро, аз рӯйи филмномаи Шарофат Арабова бо номи «Насиб» шурӯъ намуд. Филмнома дар бораи зиндагии оилаи намунавии муосири тоҷик, ки оқибат падари хонадон ғайб мезанад, қисса мекунад. Воқеаҳои филм асосан муддати ду рӯз дар шаҳр ба вуқӯъ меоянд.