Филми ҳунарии «Сафи домодҳо» барандаи ҷоизаи «Ифтитоҳи сол» гардид.

3phs1r-Provincial_dreamers_rus_600x850_83b

Филми «Сафи домодҳо»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ки  бо коргардонии Румӣ Шоазимов   аз рӯйи филмномаи   Темур Зулфиқоров наворбардорӣ шудааст, 12-уми октябр бо ҷоизаи махсуси раиси ҳакамони синамоҷашнвораи    «Leonid Khromov International Film Festival — 2020» — «Ифтитоҳи сол» қадрдонӣ шуд.

 

12-уми октябри солри равон синамоҷашнвораи якуми байналмилалии    «Leonid Khromov International Film Festival — 2020» ҷамъбаст гардид.

 

Синамоҷашнвора моҳи апрели соли 2020 аз ҷониби таҳиягари рус Леонид Хромов таъсис дода шудааст. Дар синамоҷашнвораи якуми байналмилалии мазкур коргардонҳо ва таҳиягарони 33 кишвари дунё дархости ширкат намуданд. 

 

«Филм ба ман бисёр писанд омад, вай ба дигар филмҳои  пешниҳодшуда шабоҳат надорад.  Дар филм куштор ва дигар ҳолатҳои  муноқишаи ҷиддӣ   мушоҳида намешавад. Филми осонбаён, дилписанд, ахлоқӣ аст, айни замон чунин филмҳо кам рӯйи навор меоянд. Боиси қаноатмандист, ки дар Тоҷикистон филмҳои хуб наворбардорӣ мешаванд», – қайд намуд, президент ва раиси ҳакамони синамоҷашнвора   Леонид Хромов.

 

Филмро Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таҳия намудааст. Зиёда аз 70 нафар ҳунармандон дар филм нақш офаридаанд.  Дар қатори ҳунарпешаҳои маъруфи ҳирфаӣ, ба монанди   Асланшо Раҳматуллоев, Бароҳат Шукурова, Шералӣ Абдулқайсов, Юнус Юсупов, Назримат Мӯсоев, Меҳрангез Ҳасанова, Баҳодур Миралибеков, Хуршед Мустафоев, Мунира Дадаева, Шуҳратшо Раҳматуллоев,  Азам Андамбеков, инчунин дар филм нафарони ғайрикасбӣ, аз ҷумла ҳунарпешаи навкор Рафоат Шоазимова низ нақш иҷро кардааст.