“БАЧАИ ОБӢ” ДАР БОХТАР

28-уми ноябри соли 2020 дар доираи ҳамкориҳои судманд бо мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар шаҳри Бохтар намоиши оммавии филми ҳунарии “Бачаи обӣ” баргузор гардид.
Намоиши филмҳои ватанӣ дар гӯшаву канори кишвар яке аз вазифаҳои асосии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” маҳсуб ёфта, барои тарғибу ташвиқи филмҳои миллӣ ва ҷалби сокинони кишвар ба кинотеатрҳо мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки филми мазкур бо коргардонии Файзулло Файзов аз рӯйи ғояи шодравон Бахтиёр Худойназаров, коргардони маъруфи тоҷик рӯйи навор омадааст.