“БОЗГАШТ” ФИЛМИ НАВИ МУСТАНАДИ “ТОҶИКФИЛМ”.

Таҳия, наворбардорӣ ва танзиму овоздиҳии филми мустанади “Бозгашт”-и Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо коргардонии Сатторзода Рустам ба итмом расида, рӯзҳои наздик барои намоиш омода мегардад.
Филм таърихи пурғановати миллати тоҷик, бахусус гузаштаи минтақаҳои ноҳияи Фархорро дар чодари синамо ҷилвагар месозад.
“Бозгашт” ба тарзи ҳирфаӣ рӯйи кор омада, барои омода карданаш таҷҳизоти техникии замонавӣ ва усулҳои муосири филмофарӣ корбарӣ гардидааст, ки мақбули алоқамандони филмҳои ватанӣ хоҳад шуд.