ДАВРАИ НАВОРБАРДОРИИ ФИЛМИ «ОХИРИН САЙДИ САЙЁД» ИДОМА ДОРАД

Гурӯҳи эҷодии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва ҳайати хунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ дар Мамнуъгоҳи давлатии табиӣ «Бешаи палангон» наворбардории филми ҳунарии «Охирин сайди Сайёд»-ро бо коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил аз рӯи асари ҳамноми шодравон Аброри Зоҳир идома медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки як қисми филми мазкур дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ аллакай наворбардорӣ шудааст.
Анҷоми наворбардории филми хунарии «Охирин сайди Сайёд» аввалҳои моҳи декабр дар назар аст.