ҚУРБОНИ СОБИР «АЪЛОЧИИ КИНЕМАТОГРАФИЯИ ТОҶИК» ГАРДИД

18-уми ноябри соли 2020,   дар робита ба ҷашни 90-солагии «Тоҷикфилм», дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»   барои саҳми муносиб дар рушди синамои миллӣ аз ҷониби директори муассиса ба Қурбони Собир ҳунарманди мардумии Тоҷикистон нишони «Аълочии кинематографияи тоҷик» тақдим карда шуд.

     Аз ин рӯ, барои шарафёб шудан ба ин мукофоти олии соҳа, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Қурбони Собирро табрику таҳният мегӯем.

     Ҷоиза муборак бошад.