ВОХӮРӢ ДАР «ТОҶИКФИЛМ»

16-уми декабри соли 2020 бо мақсади таҳкими  ҳамкориҳо барои рушди соҳаи синамои миллӣ  дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо ташаббуси роҳбарияти муассиса  бо коргардонҳо   ва алоқамандони  соҳаи синамо вохӯрӣ   доир карда шуд.

Зимни вохӯрӣ масоили мубрами   соҳа, аз ҷумла эҷод намудани филмномаҳои баландмазмун, омодасозии кадрҳои баландихтисос, барқарор ва азнавсозии кинотеатрҳо, ҷалби сармоягузорӣ ва маблағҳои грантӣ ба соҳа, ба намоиш гузоштани филмҳои ватанӣ тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ ва шабакаи YouTube, ба замона мутобиқ сохтани павилионҳо ва ҷалби декоратсиясозони касбӣ барои филмбардорӣ, реклама ва тарғиби филмҳои миллӣ тавассути телевизионҳои давлатӣ, ба роҳ мондани филмбардории муштарак бо синамнигорони хориҷӣ, тақвияти ҳамкориҳо бо адибону драматургон, таҳия ва наворбардории филмҳои таърихӣ ва филм-портрети шахсиятҳои маъруф мавриди муҳокима қарор дода шуданд.  

Ҳадафи асосии вохӯрӣ тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи кинематографияи миллӣ буда, ҷиҳати инкишофи минбаъдаи соҳаи синамои тоҷик ва ҷалби бештари  коргардонҳо ва филмноманависон барои эҷоди филмҳои тамошобобу рақобатпазир дар бозори маводҳои аудиовизуалии кишвар ба ҳисоб меравад.