«ОХИРИН САЙДИ САЙЁД» НАВОРБАРДОРӢ ШУД.

Наворбардории филми ҳунарии «Охирин сайди сайёд», ки бо коргардонии Муҳаммадроабӣ Исмоилов таҳия мешавад, дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ва минтақаи «Бешаи палангон» анҷом ёфта, мавриди танзим, овоздиҳӣ, оҳангсозӣ ва банду баст қарор дода шуд.

Дар раванди наворбардории филм, гурӯҳи эҷодию техникии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», бо ҷалби ҳунарпешаҳои касбӣ, нақшофарон ва дар умум, зиёда аз 40 нафар  ширкат намуданд.

Давраи наворбардории филми ҳунарии «Охирин сайди сайёд» бо дастгирию кумаки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Айнӣ ва Дӯстӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъмурияти мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», Сирки давлатӣ ва Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе   сипарӣ шуд, ки ба масъулони ниҳодҳои зикршуда изҳори сипосу миннатдорӣ менамоем.