ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА РУШДИ КИНЕМАТОГРАФИЯИ МИЛЛӢ

08.12.2020 с. дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ, зери раёсати Раиси Шӯро, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои Шӯро ва ашхоси даъватшуда ширкат намуданд.
Рӯзномаи ҷаласаро чор мавзӯъ, аз шумули:
- Оид ба рафти иҷрои супоришҳои протоколи ҷаласаҳои Шӯро дар соли 2019;
- Оид ба омодагӣ ба ташкил ва баргузории нахустин синамоҷашнвораи байналмилалии «Душанбе»;
- Оид ба фаъолияти Шӯрои бадеии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»;
- Муҳокимаи лоиҳаи филмномаи Далер Раҳматов «Шабгардон» дар бар гирифта, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз рӯйи се масъалаи ҷаласа директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, котиби масъули Шӯро гузоришҳои муфассал пешниҳод намуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҷиҳати рушди кинематографияи миллӣ ва татбиқи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи синамо аз соли 2015 Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ фаъолият менамояд. Дар асоси Низомномаи худ Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ ҷаласаҳо баргузор мекунад. Ҷаласаҳо дар шакли протокол ба расмият дароварда шуда, барои иҷро ба вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вогузор карда мешавад.
Доир ба масъалаи чоруми ҷаласа муаллифи филмномаи “Шагардон” Далер Раҳматов баромад намуда, мухтасар мазмуну муҳтавои филмномаро муаррифӣ намуд.
Ҳамаи масоили рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ, мавриди музокира ва баҳси иштирокчиёни ҷаласа қарор дода шуданд.
Дар хотимаи ҷаласа, доир ба рафъи мушкилоти соҳа ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳо дода шуда, қарори ҷаласа қабул ва нақшаи кори Шӯро барои нимсолаи якуми соли 2021 тасдиқ гардид.