ҶОИЗАҲОИ НАВБАТИИ ФИЛМИ ҲУНАРИИ «САФИ ДОМОДҲО»

Филми ҳунарии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» «Хаёлпарастони музофотӣ», ки бо  коргардонии  Румӣ Шоазимов,  рӯйи навор омадааст,    дар Синамоҷашнвораи байналмилалии «Падарон ва фарзандон» дар шаҳри Орёли Россия   се ҷоиза ба даст овард.

Коргардон Румӣ Шоазимов бо ҷоизаи махсуси ҳакамон — «Умеди наслҳо», ҳунарпеша Рафоат Шоазимова, ки нақши асосиро бозидааст, бо ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин ва оҳангсоз Иқбол Завқибеков барои оҳангсозӣ  дар филм   бо унвони барандаи дараҷаи 1 қадрдонӣ шуданд.

Қаблан филми «Хаёлпарастони музофотӣ» дар Синамоҷашнвораи   байналмилалии Леонид Хромов сазовори ҷоизаи «Кашфи сол» шуда буд.

(манбаъ АМИТ «Ховар»)