«ЗАНИ ПОРСО» ОМОДА ШУД

Таҳияи филми нави тасвирии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» «Зани порсо» бо коргардонии Насруллозода Фирдавс пурра омода гардид.

  Филми тасвирӣ аз рӯйи қиссаҳои «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» таҳия гардида, дар бораи қобилият ва истеъдоди зан-модар ҷиҳати ба роҳи рост ва меҳнатдӯстию садоқат раҳсипор намудани мардон ҳикоят мекунад. Филм хусусияти ахлоқию тарбиявӣ дошта, барои доираи васеи алоқамандони синамои миллӣ, хусусан ҷавонону наврасон тавсия мешавад.

Барои таҳия ва омода шудани филм кормандони шуъбаи филмҳои тасвирии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Ашӯров Сангмаҳмад-рассом, аниматорон- Юсуфов Амирхоҷа, Толибзода Шаҳром, танзимгар Бобоев Хуршед ва оҳангсоз Неъматулло Абдуллоев саҳми назаррас гузоштаанд.