ҲАБИБУЛЛО АБДУРАЗЗОКОВ ҲУНАРПЕША ВА КОРГАРДОНИ ШӮРАВӢ ВА ТОҶИК МОРО ТАРК КАРД.

19.01.2021 с. ҚАЛБИ ҲУНАРПЕША ВА КОРГАРДОНИ ШӮРАВӢ ВА ТОҶИК, ҲУНАРМАНДИ ШОИСТАИ ҶШС ТОҶИКИСТОН ҲАБИБУЛЛО АБДУРАЗЗОҚОВ АЗ ТАПИДАН БОЗ МОНД.  МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ТОҶИКФИЛМ» БА НАЗДИКОНУ ПАЙВАНДОНИ ХУНАРПЕША ИЗҲОРИ ТАСАЛЛИЯТ НАМУДА, БАРОЯШОН ДАР ИН МУСИБАТИ САНГИН САБРИ ҶАМИЛ МЕХОҲАД.                  

АБДУРАЗЗОҚОВ ҲАБИБУЛЛО

(07.11.1937), ҳунарпеша, коргардон, ҳунарманди халқии Тоҷикистон (1987). Узви Иттифоқи синамогарони ИҶШС (1973). Бо нишонҳои  «Дӯстии халқҳо» (нишони ИҶШС, 1980), «Дӯстӣ» ( нишони Тоҷикистон, 1998), ифтихорномаи  Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон,  медали  «Барои меҳнати шоён» ба муносибати 100-солагии зодрӯзи В.И.Ленин  (1970), медали Иҷлосияи  16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Студияи тоҷикии (роҳбарони бадеӣ, ходимони шоистаи санъати Тоҷикистон, профессорон   О.И.Пижов ва Б.В.Бибиков) Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А.В.Луначарский (Москва, 1960), Курсҳои олии коргардонии донишкадаи мазкурро  (коргоҳи ҳунарманди халқии ИҶШС  Н.П.Охлопкова, Москва, 1964) хатм кардааст.

 Солҳои  1960-1961  – ҳунарпешаи Театри мусиқию мазҳакавии Ленинобод, солҳои    1961-1969  – ҳунарпешаи Театри давлатии академикию драмавии   ба номи А.Лоҳутӣ, солҳои 1969-1971 – саркоргардони Театри мусиқию мазҳакавии Ленинобод, солҳои  1971-1973  – саркоргардони Театри давлатии ҷавонон.

Солҳои  1973-1975 дар  киностудияи «Тоҷикфилм» ба ҳайси коргардони таҳиягар кор кардааст.  Соли  1975  – коргардон ва ҳунарпешаи Театри давлатии академикию драмавии ба номи  А.Лоҳутӣ. Солҳои  1987 – 1990 раиси Иттифоқи ходимони театрӣ  интихоб гардидааст.     Аз соли 2002 директор ва роҳбари бадеии театри ғайридавлатии  «Падида» мебошад. Намоишномаҳои зиёди театриро ба саҳна гузоштааст, аз ҷумла: «Марҳум»-и Б.Нушич, «Рустам ва Суҳроб»-и  А.Фирдавсӣ (дар ҳамкорӣ бо  Ф.Александров), «Тракторчизан» -и К.Гулдонӣ, «Купрук»- Ф.Ниёзӣ, «Дар чорроҳа»-и Н.Табаров. Дар саҳнаи Театри давлатии академикию драмавии ба номи  А.Лоҳутӣ  нақшҳои барҷастаро дар намоишномаҳои репертуари классикӣ ва аз рӯйи пйесаҳои муосир, ба монанди  : Карл Моор («Роҳзанҳо»-и Шиллер), Чатский («Мусибат аз ақл»-и Грибоедов), Любим Тортсов («Фақирӣ айб нест»-и  А.Островский), шоир  Хуршед («Шуълаи озодӣ»-и Ғ.Абдулло), Ёдгор («Дохунда»-и  С.Айнӣ) ва ғайраро офаридааст. Ба ҳайси коргардон намоишномаҳои: «Марҳум»-и (Б.Нушич, 1966), «Рустам ва Суҳроб» (Ғ.Абдулло, 1967), «Купрук» (Ф.Ниёзӣ,1969), «Карим Девона» (Т.Аҳмадхонов, 1969), «Садо аз тобут» (А.Каҳҳор, 1975), «Вақте ки шаҳр хоб буд» (А.Чхеидзе), «Дар чорроҳа» ва  «Ҳарос» (ҳар ду аз  Н.Табаров, 1984)  ва ҳоказоро таҳия кардааст.

Ба муносибати  70-солагии ҳунарпеша ва коргардон маҷмуаи мақолаҳои    «Мард дар шаҳр ва шаҳр дар мард», бахшида ба фаъолияти сермаҳсули ӯ , аз ҷумла фаъолияташ дар синамо рӯйи чоп омад.  Дар соҳаи синамои миллӣ аз соли  1961, ҳам дар филмҳои тоҷикӣ ва ҳам дар филмҳои хориҷӣ нақшҳои бисёр барҷастаю хуб, офаридааст.    

Фаъолият дар соҳаи филмофарӣ.

  Дар филмҳои ҳунарии: «Оромӣ намешавад» (1961),«Замони осудагӣ» (1962), «Марги судхӯр» (1965), «Хиёнат» (1967), «Ифшосозӣ» (1969), «Духтари сеюм» (1971), «Чор нафар аз Чорсанг» ( 2 қисм, телевизионӣ, 1972), «Салом, одами меҳрубон» (1973), «Панҷ нафар дар пайроҳа» (1973), «Асрори гузаргоҳи фаромӯшшуда» (1973), «Истгоҳи куҳӣ» (тел., 1973), «Роҳи сафед» (1974), «Субҳи Ганг» (2 қисм, 1975), «Достони Сиёвуш» (2 қисм, 1976), «На крутизне» (2 қисм, тел., 1976), «Муҳосира» (1977), «Одам пӯсташро иваз мекунад» (5 қисм, тел., 1978), «Минтақаи назоратӣ» (1980), «Обрӯ» (тел., 1984), «Дарвеши ланг» (1986), «Қатораи иловагӣ ба роҳи дуюм меояд» (2 қисм, тел., 1986), «Нигоҳ» (1988), «Ҳаёти оддии Аминбобо» (кутоҳ, 1988) нақш бозидааст. Дар филми бадеии студияи телевизиони Душанбе  «Фариштаи сиёҳ» (1963); филмҳои ҳунарии  киностудияи «Узбекфилм»: «Ба ватан хизмат мекунам» (1980), «Сайди дев» (1983), «Дар орзуи падар» (силсилафилми телевизионӣ, ТВТ, 2005), «Асир» (истеҳсоли ҶФО, 2006), «Шукрона» (силсилафилми телевизионӣ ТВ Эрон, 2008), «Аз нигоҳи бод» (  силсилафилми телевизионӣ 24 қисм, Эрон, 2010).