ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ТОҶИКФИЛМ» ДАР СОЛИ 2020

Фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар соли 2020 22-юми январи соли 2021 зимни  ҷаласаи ҷамъбастӣ   натиҷагирӣ карда шуд.

Рӯзномаи ҷаласа  масъалаҳои марбут ба соҳаро дар бар гирифта,   ҳисоботи сардорони воҳидҳои сохторӣ ва дигар масоили мубрами соҳа мавриди баррасию муҳокима қарор дода шуданд:

  1. Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти   Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»   дар   соли 2020 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда;  
  2. Ҳисоботи сардорони воҳидҳои сохторӣ;
  3. Баррасии Протоколи ҷаласаи Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кингематограифияи миллӣ аз 8-уми декабри соли 2020 ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба он;
  4. Дар бораи рафти омодагӣ ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, таҳияи филми мустанад ва баргузории синамоҷашнвораи филмҳои ҳунарӣ ва телевизионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай;
  5. Дар бораи ҳолати кинотеатрҳо, номгузорӣ ва ба низом даровардани онҳо дар ҳамкорӣ бо ташкилоту мақомоти дахлдор;
  6. Масъалаҳои ҷорӣ.

  Дар ҷаласа директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён фаъолияти  ин ниҳоди филмистеҳсолкунандаи  кишварро дар соли сипаришуда,   мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. 

  Бо мақсади абадӣ гардондан ва поси хотираи коргардони тоҷик Тоҳир Собиров аҳли синамо   таклифу пешниҳод манзур намуданд, ки  кинотеатри нави муассиса ба номи Тоҳир Собиров  гузошта шавад ва пешниҳод аз ҷониби аксари ҳозирин мақбул дониста шуд. 

Ҳамзамон, зимни баррасии масоили соҳа, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён иброз дошт, ки комилан омода кардани кинотеатри нав оғози корҳои ободонию бунёдкорӣ буда, дар марҳилаи дуюм  кинотеатри «Ватан» низ ба бо ҳамин шароиту таҷҳизоти замонавӣ омода мегардад ва дар он нахустнамоиши филми тозаэҷоди муассиса «Охирин сайди сайёд»   барпо карда мешавад. Дар хотима, қарори дахлдор қабул,   вазифаҳо барои давраҳои минбаъда муқаррар ва масъулин ҷиҳати иҷрои супоришҳои марбута муваззаф гардиданд.