ИҚДОМИ ОБОДОНИЮ САБЗКОРӢ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ТОҶИКФИЛМ»

Имрӯз (27.02.2021) дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пайравӣ ба иқдоми «Шаҳри сабз»-и раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бо ибтикори роҳбарияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳудуди муассиса бо ҷалби кормандон ҳашари умумӣ барпо гардид. Зимни баргузории ҳашар дар саҳни муассиса зиёда аз 300 дона ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шуд.
Дар робита ба фарорасии фасли баҳор, идҳои миллии Рӯзи модар ва Нарвӯзи байналмилалӣ минбаъд иқдоми ниҳолшинонию сабзкорӣ ва корҳои ободонӣ идома ёфта, дар ҳудуди муассиса ва атрофи он гулу бутта ва дарахтони сояафкану мевадиҳанда шинонида мешаванд.
Дар амалӣ шудани иқдом ҳамаи кормандон бо рӯҳияи болида, шукргузорӣ аз сулҳу суббот ва фазои осоиштаи кишвар ширкат намуда, саҳм муносиби худро мегузоранд.