КИНОТЕАТРИ БА НОМИ ТОҲИР СОБИРОВ ФАЪОЛИЯТАШРО ОҒОЗ НАМУД.
Кинотеатри навтаъсис ва замонавии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба фаъолият шурӯъ кард.
Кинотеатр бо беҳтарин шароиту таҷҳизоту техникаи муосир муҷаҳҳаз гардида, дар радифи кинотолорҳои «Ашан» ва «Кохи Наврӯз» яке аз беҳтарин толорҳои кинонамоишдиҳии кишвар ба ҳисоб меравад.
Пешниҳоди аҳли синаморо ба инобат гирифта, бо қарори ҳайати мушовараи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» аз 22.01.2021, №02 кинотеатри навтаъсис ба номи коргардони тоҷик Тоҳир Собиров номгузорӣ гардид.
Ҳунарпеша, коргардон ва филмноманависи тоҷик Тоҳир Собиров аз соли 1956 барои синамои тоҷик саҳми арзанда гузошта, дар филмҳои «Роҳ» (1955), «Дохунда» (1956), «Баҳори беназир» (1957), «Насриддин дар Хуҷанд ё шоҳзодаи боҳашамат» (1959), «Аспҳои моҳтобшаб» (1979), «Вохӯрӣ дар дараи марг» (1980), «Хобҳои апрелӣ» (1980), «Бароятон сулҳ мехоҳам» (1981), «Боз як шаби шаҳрзода» (1984), «Афсонаҳои нави шаҳрзода» (1986), «Шаби охири шаҳрзода» (1987) нақшофарӣ намуда, дар филмҳои «Ман бо духтаре вохӯрдам» (1957), «Вазифаи баланд» (1958), «Одам пӯсташро иваз мекунад» (1959) ба ҳайси коргардони дуюм ва филмҳои ҳунарии «Писарро бояд зан дод» (1959), «Шефтаҳо» (1962), «Марги судхӯр» (1966), «Хиёнат» (1967), «Кашфи асрор» (1970), «Минтақаи назоратӣ» (1971), «Тундбод дар водӣ» (1972), «Ҳеҷбудагон» (1974), «Касшудагон» (1975), «Зане аз кишвари дур» (1978), «Вохӯрӣ дар дараи марг» (1980), «Бароятон сулҳ мехоҳам» (1981), Боз як шаби шаҳрзода» (1984), «Афсонаҳои нави шаҳрзода» (1986), «Шаби охири шаҳрзода» (1987) ва «Ашк ва шамшер»-ро (1991) таҳия кардааст.
Соли 1966 унвони Ҳунарпешаи ҶШС Тоҷикистонро сазовор гаштааст. Заҳматҳояш дар соҳаи синамо бо чандин ҷоизаю мукофотҳои давлатию соҳавӣ қадрдонӣ шудаанд.
Номгузорӣ шудани кинотеатр ба номи Тоҳир Собиров аҷргузорӣ ва гиромидошти хотираи коргардони тоҷик маънидод мегардад.
Ба фаъолият шурӯъ кардани кинотеатр барои созовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон армуғони арзанда мебошад.
Минбаъд кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров макони баргузории чорабиниҳои фарҳангию синамоӣ ва синамоҷашнвораҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва дохилӣ хоҳад шуд.