«НАСИБ» МУАРРИФӢ ГАРДИД.

Филми ҳунарии кӯтоҳи «Насиб»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ки бо коргардонии Шарофат Арабова таҳия ва рӯйи навор омадааст, 11.02.2021 пас аз анҷоми нишасти матбуотӣ барои доираи васеи рӯзноманигорон дар толори кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров муаррифӣ ва намоиш дода шуд. Пас аз намоиши филм миёни таҳиягарони филм ва рӯзноманигорон муколамаи судманд доир гардид.
Филми ҳунарии кӯтоҳи «НАСИБ»
Давомноки 30 дақиқа, «Тоҷикфилм», 2021
Дар нақшҳои асосӣ:
Таҳмина Раҷабова
Самира Узакова (навомӯз)
ҚандилТоиров
Рухмина Сангова (навомӯз)
Наргис Муқимова
Ҳасан Қосим
Муаллиф ва коргардони таҳиягар – ШарофатАрабова
Наворбардори таҳиягар – АбдукаримУроқов
Рассоми таҳиягар –Умед Бозоров
Рассоми либос –Сарвиноз Ҳоҷиева
Коргардони садо – Хуршед Нуров
Оҳангсоз –Икром Сатторов
Муҳаррирон – Толиб Ғайбуллозода, Назар Назаров
Рангпардоз ва дизайнер – Восеъ Набиев (Фирдавс)
Директори филм – Исуф Воҳидов
Синопсис: Анора ба синни наврасӣ расидааст. Давраи наврасӣ чӣ гуна паси сар мешавад? Бинобар рух додани воқеаҳои мухталиф, яъне набудани падар, баста шудани сарҳадҳо дар робита ба хурӯҷи бемории сироятии коронавирус ва тарсу ваҳми ояндаи ноаён Анораро дар як шаб ба камол мерасонад ва зимоми оиларо бар дӯш мегирад…
Филм қиссаи ду оилаи гуногуну ҳамтақдири тоҷикро дар пардаи синамо ҷилвагар месозад.