НИШАСТИ МАТБУОТИИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ТОҶИКФИЛМ»

11-уми феврали соли 2021 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров барои доираи васеи намояндагони Васоити ахбори омма нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» оид ба ҷамъбасти соли 2020 баргузор гардид.
Зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён дар бораи бурду бохти муассиса дар соли 2020 маълумоти муфассал манзур намуданд.
Таъкид гардид, ки соли сипаришуда дар баробари таҳия ва наворбардории филмҳои ҳунарӣ, бадеии кӯтоҳ, мустанад ва тасвирӣ ҳамзамон як қатор корҳои ободонию созандагӣ ва иқдомҳои саривақтию муҳим анҷом дода шуданд.
Таҳия ва наворбардории 5 филми ҳунарӣ, 5 филми бадеии кӯтоҳ, 17 филми мустанад ва 2 филми тасвирӣ аз фаъолияти пурмаҳсули муассиса дар соли сипаришуда дарак медиҳад.
Таъмиру таҷдид ва ба замон мутобиқ сохтани кинотеатри назди муассиса ва бо мақсади гиромидошт, абадӣ гардонидан ва поси хотира ба номи коргардони маъруфи тоҷик Тоҳир Собиров гузошта шуда, дар ин рӯз расман ба фаъолият оғоз намуд, ки яке аз дастовардҳои асосии соҳа ба ҳисоб меравад.
Инчунин, бори нахуст таъсис додани мукофоти соҳавии «Аълочии кинематографияи тоҷик», таъсис ва нашри маҷаллаи «Кино» бо сатҳу сифати баланд, таъсиси китобхонаи замонавии муассиса бо номи «Куруши Кабир» дастовардҳои дигари муассиса арзёбӣ гардиданд.
Баъдан миёни намояндагони васоити ахбори омма ва масъулини муассиса мубоҳиса доир гардид.
Намояндагони васоити ахбори омма ба саволҳои хеш посухҳои аниқу мушаххас дарёфт намуданд.
Пасон, намоиши филми ҳунарии кӯтоҳи тозаэҷоди муассиса бо коргардонии Шарофат Арабова «Насиб» барои ҳозирин намоиш дода шуд.
В А Р А Қ А И И Т Т И Л О О Т Ӣ
Фаъолияти эҷодию истеҳсолии муассиса дар соли 2020 таҳия ва наворбардории филмҳои ҳунарии пурра, кӯтоҳ, мустанад ва тасвириро дар бар мегирад.
- Филмҳои ҳунарии пурра:
Филми ҳунарии «Автобус» омода гардида, нахустнамоиши филм 6-уми ноябри соли 2020 дар Кохи Наврӯз барпо карда шуд.
Филми мазкур дар жанри мазҳакаи моҷароӣ, бо давомнокии 90 дақ. таҳия гардидааст. Муаллиф ва коргардони таҳиягар Абдулҳай Зокиров ва наворбардори таҳиягар Абдукарим Уроқов мебошанд.
Филми ҳунарии «Бачаи обӣ» жанр – драмаи иҷтимоӣ, давомнокӣ 120 дақ. бо коргардонии Файзулло Файз низ пурра омода шуда, дар арафаи ҷашни 90-солагии «Тоҷикфилм» нахустнамоиши он баргузор гардид.
Таҳияи филми ҳунарии “Роҳ” жанр- мелодрама, бо коргардонии Носир Саидов ба итмом расида, нахустнамоиши он барои доираи васеи ҳаводорону тамошобинон ва мунаққидону киношиносон доир карда шуд.
Банаворгирии филми ҳунарии “Баҳори хазонрез” аз рӯйи романи «Моҷарои зиндагӣ»-и нависандаи маъруфи тоҷик Кароматулло Мирзоев, бо коргардонии Раҷабалӣ Пиров шурӯъ гардида, таҳия ва наворбардории филми ҳунарии “Охирин сайди сайёд” бо коргардонии Муҳаммадрабӣ Исмоилов ба итмом расида, давраи танзим ва банду басти он идома дорад.
- Филмҳои бадеии кутоҳ:
Филми кутоҳмуддати тарбиявии Раёсати муассиса дар вилояти Суғд бо номи «Чорроҳа», филми ҳунарии кутоҳи беовози «Рассоми сайёҳ»-и Раёсати муассиса дар вилояти Хатлон омода карда шудаанд.
Филми бадеии кӯтоҳи “Бозӣ” коргардон Мумин Қодиров мавриди танзим, банду баст ва овоздиҳию оҳангсозӣ қарор дорад.
Филми бадеии кутоҳи “Насиб” коргардон Шарофат Арабова пурра омода гардид, ки имрӯз барои ҳозирин намоиш дода мешавад.
- Филмҳои тасвирӣ:
Филми 20 қисмаи тасвирии «Алифбо» дар ҳаҷми 88 дақиқа, бо коргардонии Насруллозода Фирдавс омода карда шуд.
Филми нави тасвирии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» «Зани порсо» дар таҳияи Насруллозода Фирдавс омода мегардад.
- Филмҳои мустанад:
- Филми мустанади “Хиёнат” дар 7 қисм, бо далелу арқоми қатъӣ дар бораи хоинии душманони миллат ҳикоят мекунад. Филм тариқи тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ намоиш дода шудааст.
- “Сайри гули лола” коргардон Шарофат Арабова
- “Сози мақом” бахшида ба бист солагии мақоми давлатӣ гирифтани ансабли “Шашмақом”, коргардон Абдулҳай Зокиров
- “Ваҳдат” ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ, коргардон Абдулҳай Зокиров
- “Шинохти Саразм” ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостон бо коргардонии Сатторзода Рустам
- “Устод Кимягаров” бахшида ба 100-солагии коргардони маъруфи тоҷик Борис Кимягаров бо коргардонии Файзулло Файзов
- “90-солагии Кинои тоҷик”ба шарафи 90-солагии Кинои тоҷик бо коргардонии Муҳаббат Сатторӣ,
- “Тоҷикфилм 90-сол” ба муносибати 90-солагии “Тоҷикфилм” коргардон Рустам Шоазимов,
- “Бозгашт” бо коргардонии Сатторзода Рустам,
- “Ба сӯйи нур” коргардон Раҷабалӣ Пиров
- «Карон» бахшида ба калъаи таърихии Карони ноҳияи Дарвоз Раёсати муассиса дар ВМКБ
- «Ямчун» дар бораи қалъаи таърихии Ямчуни ноҳияи Ишкошим, Раёсати муассиса дар ВМКБ
- «Аҷинатеппа» дар хусуси мавзеи таърихию сайёҳӣ, Раёсати муассиса дар вилояти Хатлон
- «Ҳулбук» бахшида ба макони таърихӣ, Раёсати муассиса дар вилояти Хатлон
- Сада ва Меҳргон дар хусуси ҷашнҳои қадимаи миллӣ, Раёсати муассиса дар вилояти Суғд.
Иқдомҳои созандаю бунёдкоронаи муассиса дар соли 2020.
- Ифтитоҳи китобхонаи дорои 3000 нусха китоб
- толори пазироӣ бо шароити муносиб барои мулоқотҳои сатҳи олӣ
- қаҳвахонаи “Куруши Кабир” бо мақсади қабули меҳмонони синамоҷашнвораҳо ва форуму чорабиниҳо
- таъмиру таҷдиди шуъбаи дубляж, ҳуҷраи пардозгарӣ, толор барои мактаби синамонигорони ҷавон «Навомӯз» (Дебют), шуъбаи садобардорон
- бо мақсади ба роҳ мондани намоиши оммавӣ, санҷишӣ ва нахустнамоиши филмҳои муассиса кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров, ҳамчун макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалии синамоӣ бо шароиту таҷҳизоти замонавӣ омода карда шуд.
- таъсиси мукофоти соҳавии “Аълочии кинематографияи тоҷик” бори нахуст дар таърихи синамои тоҷик
- теъдоди филмҳои дар замони соҳибистиқлолӣ рӯйи навор овардаи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” муайян карда шуданд, ки 49 филми ҳунарии пурра, 38 филми кӯтоҳи бадеӣ, 163 филми мустанад ва 10 филми тасвириро дар бар мегирад.
- таъсис ва нашри маҷаллаи илмӣ, бадеӣ ва оммавии “Кино” дар сатҳи баланд бо шаклу андозаи нав.
Нақшаҳо барои соли 2021:
- таъмиру ба замони муосир мутобиқ кардани кинотеатри “Ватан” (дар давоми сол)
- эҳёи мактаби синамонигорони ҷавон “Навомӯз” (Дебют)
- иҷрои корҳои ободонӣ, сабзкорӣ, шинонидани гулу дарахтони сояафкану ороишӣ, баргузории ҳашарҳои умумӣ
- таъмиру рангубори намои зоҳирии бинои муассиса дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои ҳудуди он, тармим ва тозаву озода сохтани ҳуҷраҳои корӣ, павилонҳо ва варзишгоҳи муассиса дар назар аст.
- баргузории синамоҷашнвораи филмҳои ҳунарӣ ва телевизионии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (давоми сол)
- баргузории нахустин синамоҷашнвораи байналмилалии “Душанбе” (давоми сол)
- таҳия ва наворбардории филмҳои мустанад:
– бахшида ба хусусиятҳои хоси ҷашни байналмилалии
“Наврӯз”
– дар бораи “20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай”
– “Тоҷикистон”
- таҳияи филмҳои ҳунарӣ:
– “Шабгардон” коргардон Далер Раҳматов,
– “Ситораи ноаён” коргардон Муҳаббат Сатторӣ,
– “Решаҳо” муаллиф Сафар Ҳақдод,
– филми бадеии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо” коргардон Умед Мирзоширинов аз рӯйи асари Сайф Раҳимзод идома дорад.