МАҲФИЛИ ЁДБУДИ ҲАБИБУЛЛО АБДУРАЗЗОҚОВ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ТОҶИКФИЛМ» БАРГУЗОР ШУД.

МАҲФИЛИ ЁДБУДИ ҲАБИБУЛЛО АБДУРАЗЗОҚОВ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ТОҶИКФИЛМ» БАРГУЗОР ШУД.
9-уми феврали соли 2021 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо мақсади поси хотираи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов маҳфили ёдбуд баргузор карда шуд. Зимни маҳфил таъкид гардид, ки Ҳабибулло Абдураззоқов яке аз ҳунарпешаҳои маъруфу машҳури кишвар буда, дар филмҳои ватанию хориҷӣ бештар нақш офарида, машъали тобони соҳаи синамою театр маҳсуб меёфт. Ҳамкасбон, ҳамсабақон ва шогирдону пайвандон мубодилаи афкор намуда, Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарпешаи театру синамо, коргардон, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро бо некӣ ёдоварӣ карда, бо зикри хайре рӯҳашро шод гардонданд.