ДАВРАИ НАВОРБАРДОРИИ «ДОДАРАКИ ФАРИШТАҲО»

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» аз рӯйи асари Сайф Раҳимзоди Афардӣ «Додараки фариштаҳо» филми ҳунарии кӯтоҳро рӯйи навор меорад.   Давраи омодагии филм ба итмом расида, марҳилаи наворбардории филм дар деҳаи Гулафшони ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ва мавзеҳои дилфиреби шаҳри Душанбе шурӯъ мешавад.

  Ба пардаи синамо кашидани «Додараки фариштаҳо»-ро   коргардон Умед Мирзоширинов ба асари синамоӣ ва дорои муҳтавои фалсафӣ буданаш нисбат дода,  ба ин кор даст задани худро мояи ифтихор ва   абадӣ гардонидани хотираи адиби шодравон меҳисобад.

Умед Мирзоширинов муҳтавои асарро фарогирӣ озодии комили инсонҳо маънидод намуда, изҳори итминон кард, ки филм ба алоқамандони синамои миллӣ писанд хоҳад омад.