ИДОМАИ САБЗКОРИЮ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ТОҶИКФИЛМ»

Имрӯз (13.03.2021) ба хотири татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пайрави ба иқдоми «Шаҳри сабз»-и раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бо мақсади идомаи ниҳолшинонию сабзкорӣ дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» аз ҷониби Бунёди байналмилалии маблағгузории иҷтимоии Тоҷикистон зиёда аз 40 адад дарахтони ҳамешасабзи сояафкан шинонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори роҳбарияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» қаблан дар ҳудуди муассиса бо ҷалби кормандон ҳашари умумӣ барпо гардида, зиёда аз 300 дона ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шуда буд.
Дар робита ба фарорасии фасли баҳор ва Нарвӯзи байналмилалӣ минбаъд иқдоми ниҳолшинонию сабзкорӣ ва корҳои ободонӣ идома ёфта, дар ҳудуди муассиса ва атрофи он гулу бутта ва дарахтони сояафкану мевадиҳанда шинонида хоҳанд шуд.