НАВРӮЗИ «ТОҶИКФИЛМ»

Ҷашни Наврӯз яке аз қадимтарин ва муқаддастарин оинҳои ниёгонамон аст, ки бо фарорасиаш аз омадани фасли зебои баҳор ва соли нави аҷдодӣ мужда мерасонад.
Асолати Навӯз – нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ мебошад. Зеро Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои сол ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳост.
Истиқболи гарми ин ҷашни муқаддаси умумимиллӣ, ки рамзи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳуввият ва ифтихори миллии мардуми шарифи диёрамон мебошад, меҳри модар ва Ватани азизро дар дили инсонҳо бедор мекунад.
Бад-ин хотир 27-уми марти соли 2021 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо оростани дастархони наврӯзӣ тибқи оинҳои ҳафтшину ҳафтсин, намоиши либосҳои миллӣ ва омода кардани таомҳои миллӣ чорабинии фарҳангӣ доир гардид.
Сараввал, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ҳозиринро бо фарорасии баҳори нозанин ва ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният намуданд.
Директор зимни суханронӣ иброз доштанд, ки Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дошта, аз замони давлатдории Ҷамшед оғоз гардида, ҷашни бузурги ориён маҳсуб меёбад ва ба ягон дину мазҳаб мансубият надорад.
Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки Наврӯз ҷашни бостонии ориёӣ буда, миллати тоҷик меросбари асосии он мебошад.
Дар рафти чорабинӣ ба хотири ҳавасмандӣ чанде аз кормандони фаъол бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ шуданд. Мукофотҳо аз ҷониби директори муассиса, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён, Кумитаи иттифоқи касабаи муассиса ва раёсати ҷавонони шаҳри Душанбе тақдим гардиданд.
Барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусну таровати тоза зам намуда, боиси болидарӯхии ҳозирин гардид.