ТАҲИЯИ ФИЛМИ МУСТАНАДИ «НАВРӮЗ» ШУРӮЪ ШУД.

Ҷашни бостонии Наврӯз воситаест, ки фарҳангу тамаддунҳои гуногунро ба ҳам оварда, гузаштаро ба имрӯз мепайвандад.
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ, зиндаву эҳё намудани ҷашну идҳои миллӣ таҳияи филми мустанади «Тоҷикистон ватани наврӯз аст»-ро бо коргардонии Сатторзода Рустам шурӯъ намуд. Зимни банаворгирии филм суннату ойинҳои наврӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, мавзеҳои таърихию сайёҳӣ ва маконҳои тамошобобу зебоманзари ҳар як гӯшаи диёри азизамон тарғибу ташвиқ гардида, тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро фаро мегирад.