ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАРОН ДАР «ТОҶИКФИЛМ»

Дар робита ба ҷашни модарон  дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» чорабинии фарҳангӣ   баргузор гардид.

Сароғоз занону бонувонро директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ба муносибати ҷашни модарон ва фарорасии фасли гул-гулшукуфию зебоӣ муборакбод гуфта, барояшон орзуҳои нек намуданд.

Таъкид гардид, ки Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси дилнавози ӯ оғоз мегардад.

Ҳамзамон, аз ғамхорию дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба занону бонувон ва баланд бардоштани мавқею мақоми зан-модар дар ҷомеа ибрози андеша карда шуд.

Ба хотири болидагии рӯҳи занону бонувон барномаи фарҳангӣ бо иштироки дастаи ҳунарии муассиса пешкаш гардид.

Дар анҷоми чорабинӣ роҳбарияти муассиса ҳамаи занону бонувонро қадрдонӣ намуд.