ЭЪЛОН

Довталабони гиромӣ!

Агар хоҳиши синамонигори ҳирфаӣ ва соҳиби ихтисоси баланди филмбардорӣ шуданро дошта бошед, пас барои худро номнавис кардан шитоб намоед.

Довталабон аз рӯйи 5 ихтисос- филмноманавис, коргардони филмҳои ҳунарию мустанад ва тасвирӣ,  наворбардори синамо,  коргардони овоз,   пардозгар       дар муассисаҳои олии  хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. 

  Талабот барои дохил шудан: 

  • дониши кофӣ дар бораи асосҳои соҳаи синамонигорӣ ва шавқу завқи баланд;
  • ба таври зарурӣ донистани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои  русӣ ва англисӣ;  
  • малакаи кор бо компютер ва шабакаи Интернет.    

Довталабон   метавонанд     ба  Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»    бо нишонии   шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25,   муроҷиат намоянд.

 Барои маълумоти бештар тариқи телефонҳо ва суроғаи электронии зайл иртибот гирифта метавонед:

Тел: 221-67-71; 221-71-50;

E-mail:  tajikfilm@gmail.com