МАҲФИЛИ ЁДБУДИ РАҲМОНДӮСТИ ҚУРБОНИЁН ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ТОҶИКФИЛМ»

9-уми апрели соли 2021 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо мақсади поси хотираи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Раҳмондӯсти Қурбониён маҳфили ёдбуд баргузор гардид.
Маҳфилро директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ҳусни оғоз бахшида, дар бораи фаъолияти касбӣ ва нақшҳои офаридаи ҳунарпеша чанд сухане иброз намуданд.
Баъдан, дар бораи фаъолияти Раҳмондӯсти Қурбониён филми мустанаде дар ҳаҷми 15-дақиқа пешкаши ҳозирин гардид.
Хамкасбону ҳамсабақон, ҳунарпешагон, шогирдон ва пайвандони Раҳмондӯсти Қурбониён, ки дар маҳфил ҳузур доштанд, аз хислатҳои ҳамидаи шодравон, дустию рафоқат, устуворию мардонагӣ, ҳамкорию нақшофарӣ ва меҳрубонию ғамхориҳои ҳунарпеша бо некӣ ёдоварӣ намуда, бо зикри хайре рӯҳашро шод гардонданд.