ФЕСТИВАЛИ ФИЛМҲО «АЗ ТАЪРИХИ КИНОИ ТОҶИК: БАХШИДА БА 76-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ СОЛҲОИ 1941-1945»

ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ
ОИД БА ФЕСТИВАЛИ ФИЛМҲО «АЗ ТАЪРИХИ КИНОИ ТОҶИК: БАХШИДА БА 76-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ СОЛҲОИ 1941-1945»
Бо ташаббуси сафорати Федератсияи Россия, Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» аз 3-юм то 7-уми майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе фестивали филмҳо «Аз таърихи кинои тоҷик: бахшида ба 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945» баргузор мегардад.
Фестивал дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров (ш. Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 25) баргузор мегардад.
Филмҳо бо забони русӣ намоиш дода мешаванд.
Маросими расмии ифтитоҳи фестивал 3-юми майи соли 2021 барпо мешавад (даромад бо даъватнома).
Аз 4-ум то 7-уми май намоиши филмҳо барои доираи васеи алоқамандони синамо ба роҳ монда мешавад.
Даромад озод ва ройгон.
Пас аз хотимаи намоиши филмњо миёни тамошобинон ва киношиносон муҳокима ба нақша гирифта шудааст.
4-уми май (сешанбе)– 18:30 муаррифӣ ва намоиши филми ҳунарии «Дирӯз ва имрӯз» (с. 1965 ) коргардон Д. Храбровитский
5-уми май (чоршанбе) – 18:00 муаррифӣ ва намоиши филми ҳунарии «Зане аз кишвари дур» (с. 1978 ) коргардон Тоҳир Собиров
6-уми май (панҷшанбе) – 18:00 муаррифӣ ва намоиши филми ҳунарии «Тобистони соли 1943» (с. 1967 ) коргардон Маргарита Қосимова
7-уми май (ҷумъа) – 10:00 муаррифӣ ва намоиши филми ҳунарии «Вохӯриҳои кӯтоҳ дар ҷанги тӯлонӣ» (с. 1975) коргардонҳо А.Раҳимов ва С.Чаплин
7-уми май (ҷумъа) – 19:20 муаррифӣ ва намоиши филми ҳунарии «Қиссаи зиндони Павиак» (с. 1970 ) коргардон Суҳбат Ҳамидов