МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ РӮЗҲОИ КИНОИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Барои иштирок дар маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ҳайати меҳмонон шоми имрӯз ба кинотеатри навсозишудаи «Ватан» қадам ранҷа намуданд.

Мавриди зикр аст, ки бо ибтикори роҳбарияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар робита ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон кинотеатри «Ватан» таъмиру тармим ва навсозӣ шуд.

Ба фаъолият шурӯъ намудани кинотеатри «Ватан» дар арафаи Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикитсон басо рамзи буда, минбаъд ҷиҳати рушду нумӯи соҳаи синамои миллӣ ва намоиши филмҳои ватанию хориҷӣ мусоидат хоҳад намуд.

Саҳни кинотеатр идона оро ёфта, ба шарафи меҳмонон барномаи фарҳангӣ доир шуд ва ҳайати меҳмонон барои ҳозирин муаррифӣ гардида, бо буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ва директори генералии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекситон Фирдавс  Абдухолиқов кинотеатри «Ватан» расман фаъолияташро оғоз намуд. 

Ҳайати меҳмонон бо убур аз роҳрави сурх ба кинотеатри «Ватан» ворид гардиданд.

Сароғоз, барои ҳозирин ва ҳайати меҳмонон лавҳае аз робитаҳои дӯстию бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек намоиш дода шуд.

       Баъдан, барандагони чорабинӣ ифтитоҳи Рӯзхои  кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистонро  расман эълон намуда, барои паёми шодбошӣ ба саҳна директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» муҳтарам Маҳмадсаид Шоҳиёнро даъват намуданд.

       Зимни баромад Маҳмадсаид Шоҳиён меҳмононро ба сарзмини кӯханбунёди тоҷик хайрамақдам гуфта, дар бораи робитаҳои ногусастанӣ  ва дӯстию бародарии халқу миллатҳои тоҷику ӯзбек изҳори андеша намуданд.

       Мавсуф таъкид доштанд, ки дӯстию рафоқати   ду миллати бародар таърихи пурғановат дошта, аз умқи қарнҳо сарчашма мегирад, ки дар саргаҳи он Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ қарор доранд.

       Ҳамчунин, аз робитаю ҳамкориҳои судманди синамогарони тоҷику ӯзбек ва минбаъд идома бахшидани ин раванд таъкид карда шуд. Таҳия ва амалисозии  лоиҳаҳои муштараки филмбардорӣ яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои синамонигорони тоҷику ӯзбек маънидод гардид.

       Фирдавс Абдухолиқов дар навбати худ, аз пазироии самимии ҳамтоёни тоҷикаш изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, рушди ҳамкориҳои самараноки   синамонигорони Тоҷикистону Ӯзбекистонро тақозои замон ва ногузир арзёбӣ кард.

       Мавсуф иброз дошт, ки ҳадафи асосии баргузории Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон идома додани анъанаи неки ҳусни ҳамҷаворию бародарии кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ривоҷу равнақи соҳаи синамо мебошад.

       Дар интиҳои чорабинӣ филми ҳунарии «Илҳақ» (с.2020 «Ӯзбеккино») коргардон  Ҷаҳонгир Аҳмедов, барои ҳозирин намоиш дода шуд.

       Ҳамин тавр, Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид.

 Рӯзҳои 20-ум ва 21-уми майи соли ҷорӣ  намоиши филмҳо барои доираи васеи алоқамандони синамо ба роҳ монда мешавад. Тамошо озод ва ройгон мебошад.