ФЕСТИВАЛИ ФИЛМҲО, БАХШИДА БА 76-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ОҒОЗ ГАРДИД.

Аз 3-юм то 7-уми майи соли 2021 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали филмҳо, бахшида ба 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945 гузаронида мешавад.

Маросими расмии фестивал 03.05.2021 аз саҳни Муасисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо гузоштани гулдаста ба маҷмааи «Ахтари хотира» оғоз гардида, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи қурбониёни ҷанг гиромӣ дошта шуд.

Баъдан иштирокчиёни фестивал бо даъвати роҳбарияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба толори кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ворид гардиданд.

Нахуст, лавҳае аз филмҳои ба замони ҷанг бахшидашудаи «Тоҷикфилм» манзури ҳозирин гардонида шуд.

Сипас, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» муҳтарам Маҳмадсаид Шоҳиён бо сухани пурмуҳтаво баромад намуда, Фестивали филмҳо, бахшида ба 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, солҳои 1941-1945-ро расман ҳусни оғоз бахшиданд.

Зимни суханронӣ Маҳмадсаид Шоҳиён аз саҳми халқи тоҷик дар Ғалаба ва оқибгоҳ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар радифи дигар халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ миллати тоҷик ҳазорҳо нафар фарзандони ҷасуру диловарашро ҷиҳати таъмини Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз даст додааст. Қадрдонии фарзандони ғаюру далери тоҷик аз ҷониби роҳбарияти собиқ Итттиҳоди Шӯравӣ бо ордену медалҳо ва дигар мукофотҳо, инчунин ба 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон сазовор донистани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гувоҳи гуфтаҳои боло мебошад.

Ҳамчунин, хотирнишон гардид, ки «Тоҷикфилм» барои тарғиби ватандӯстию меҳанпарастӣ ва таҷассуми бадбахтии ҷанг, чандин филмҳои ҳунарию мустанадро ба мавзӯйи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшидааст, ки дар доираи баргузории фестивали мазкур манзури алоқамандони синамо гардонида мешаванд.

Баъдан, сухан ба сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Лякин –Фролов дода шуд. Мавсуф аз ҷоннисорию шуҷоатмандии халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баҳри Ғалаба ибрози андеша намуд.

Ҳамзамон, табрикоти маҷозии Никита Михалков коргардони машҳури Федеартсияи Россия ба ҳозирин намоиш дода шуд.

Шарофат Арабова филми ҳунарии «Писари Тоҷикистон»-ро, ки дар замони мушкили Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳамкорӣ бо студияи «Союздетфилм» рӯйи навор омадааст, муаррифӣ намуд. Пас аз муаррифӣ иштирокчиён ва меҳмонони фестивал филми ҳунарии «Писари Тоҷикистон»-ро тамошо намуданд.

Дар фарҷоми фестивал миёни иштирокчиён ва киношиносон филми ҳунарии «Писари Тоҷикистон» мавриди муҳокимаю музокира қарор дода шуд.

Ҳамин тавр, дар идомаи фестивал филмҳои ҳунарӣ аз таърихи кинои тоҷик:

«Дирӯз ва имрӯз» коргардон Даниил Храбровитский;
«Зане аз кишвари дур» коргардон Тоҳир Собиров;
«Тобистони 1943» коргардон Маргарита Қосимова;

«Мулоқотҳои кӯтоҳ дар ҷанги тулонӣ» коргардонҳо Абдусалом Раҳимов ва Сергей Чаплин;

«Қиссаи зиндони Павиак» коргардон Суҳбат Ҳамидов, манзури алоқамандони синамо мегарданд.

Филмҳо дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров, суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25 намоиш дода мешаванд. Маъмурияти «Тоҷикфилм».