НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ «ОХИРИН САЙДИ САЙЁД»!!!!!

Ба таваҷҷуҳи алоқамандони синамои ватанӣ расонида мешавад, ки филми ҳунарии «Охирин сайди сайёд», аз рӯйи асари Аброри Зоҳир, бо коргардонии Муҳаммадрабӣ Исмоилов пурра омода шуда, санаи 24- уми июли соли 2021, соати 18 00 дар кинотеатри «Ватан» барои доираи васеи алоқамандони синамои миллӣ нахустнамоиши филми нави Муассисаи давалтии «Тоҷикфилм» баргузор мегардад.

Филм вазъи ногувори марзи Тоҷикистону Афғонистонро дар солҳои навадуми асри гузашта инъикос менамояд.

Мухолифат ва муборизаи сокинони маҳаллӣ алайҳи сарҳадшиканону қочоқчиёни аҷнабӣ ба чӣ меанҷомад, пас аз тамошои филм огоҳ хоҳед шуд.

Макон: кинотеатри «Ватан», хиёбони Рӯдакӣ 11.
Замон:24.07.2021, соати 18 00.
Даромад бо даъватнома.
Телефонҳо барои иртибот:
918-42-01-09
93-111-55-44
Маъмурияти «Тоҷикфилм»